Зани 22-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар қатли кӯдаки навзоди худ дастгир карда шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
Ин зан 5-уми январи соли 2018, тахминан соати 21:30, дар ҳавлии истиқоматиаш кӯдаки ҷинсаш занро таваллуд кардааст ва бо далели ин, ки шавҳар надоштааст, бо мақсади пинҳон кардани таваллуд, кӯдаки навзоди худро дар фарши ҳаммоми ҳавлии истиқоматиаш беназорат гузоштааст. Дар натиҷа кӯдаки навзод дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ