Як зани 21-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гумони ташкил, ё ба роҳ мондани фоҳишахона, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шудааст. Ин бори чандум аст, ки маркази матбуоти ВКД аз чунин қоидавайронкунӣ хабар медиҳад.
Номбурда хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил додаааст. Маълум шудааст, ки рӯзи 9-уми январи соли 2018, тахминан соати 18:00 ба шаҳрвандон марди 24-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва зани 26-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, барои алоқаи ҷинсӣ кардан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150 сомонӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, ин зани ҷавон рӯзи 6-уми декабри соли 2017, тахминан соати 12:00, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додаааст. Ин дафъа ӯ ба марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 26-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа шароит барои алоқаи ҷинсӣ кардан фароҳам оварда, аз онҳо низ 150 сомонӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.