Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон субҳи имрӯз, 26-уми марти соли 2020 соати 09:44 бо вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шудааст. Маркази зилзила 220 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 98 км шимолу шарқи шаҳри Хуҷанд ва 24 км аз шаҳраки  Шайдони ноҳияи Ашт, дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон будааст.

Бино ба иттилои созмони зилзиласанҷии кишвар қувваи зилзила дар маркази он 3-4 балл ва дар шаҳри Хуҷанд 3 баллро ташкил додааст.

Заминларза дар шаҳри Душанбе ҳам эҳсос шуд. То кунун даҳҳо нафар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз такони замин дар пойтахт ва навоҳии атрофи он навиштанд.

Бинобар иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ  ба қайд гирифта нашудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь