Имрӯз, 12 январ, соати 08:40 дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба АМИТ «Ховар» гуфтаанд, ки заминҷунбӣ дар километри 125-уми самти шарқии Душанбе ба амал омадааст. Қудрати заминҷунбӣ дар маркази он ба 4,8 дараҷаи Рихтер ва дар шаҳри Душанбе ба 2,5-3 дараҷа баробар будааст. Бар асари ин заминҷунбӣ талафоти ҷониву молӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь