Ҷаҳон бо суръати болое дар ҳоли таҳаввули диҷитол аст, ҷое, ки рақобат байни ширкатҳои бузург ба рақобат дар сатҳи алгоритмҳо коҳиш ёфтааст.
Дар ин чорроҳаи таҳаввулот қарор гирифта, бояд ба ёд орем, ки дар асри 9 ҷаҳон шоҳиди зуҳури Ал-Хоразмӣ, риёзидон, олим ва мутафаккири бузурги форс, шуд, ки мероси бузурги ӯ ба олами риёзӣ ва ҳисоббарорӣ истилоҳи “алгоритм” буд. Бо итминон метавон гуфт, ки асосгузори илми муосири ҳуши маснуӣ, омӯзиши мошинсозӣ ва илми додаҳои бузург (BigData) Ал-Хоразмӣ аст!
Ба ифтихори ин воқеияти таърихӣ 5-уми октябри соли 2023 оператори рақамии Tcell дар меҳмонхонаи Hayatt Regency Dushanbe форуми байналмилалии инноватсионии T-tech.AI 2023-ро баргузор кард. Ин чорабинӣ намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, тиҷорат ва коршиносони кишварҳои гуногунро гирди ҳам овард, то имконоти ҳуши маснуӣ (зеҳни сунъӣ) ва таъсири он ба тамоми соҳаҳои ҳаётро баррасӣ кунанд. Дар байни меҳмонони даъватшуда муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзод буданд.
Дар баробари муҳокимаи қобилиятҳои тақрибан бепоён ва рушди феноменалии технолоҷии Моделҳои Забони Бузург (Large Language Models), ба баррасии одоби таҳия ва истифодаи технолоҷиҳои зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Мо дар остонаи даврони наве қарор дорем, ки қоидаҳои ҳамкории инсон ва мошин бояд возеҳу содиқона, дар асоси маълумоти тахассусӣ, созандаву халлоқона бидуни осеб ба ҳаёти иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва мадании Тоҷикистон бошанд. Ин ҷанбаи асосии рушди ҳуши масунӣ мебошад, ки на танҳо иқтидори бузурги беҳбуди зиндагии моро дорад, балки таҳдиде барои дарк, арзёбӣ ва пешгӯии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла таҳдиди мустақим ба ҷойҳои корӣ мебошад.
Зеҳни сунъӣ танҳо калимаҳои рӯи коғаз нест, он фановариест, ки дар ҷаҳони Интернет омӯзиш меёбад ва муҳим аст, ки мо ба Интернет чизҳои дуруст ва шоистаро омӯзонем. Иттилоот бо кайфияти боло, тахассусӣ ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок дар Интернет ҷузъи ҷудонашавандаи рушди бомуваффақияти ҳуши маснуӣ мегардад.
Аз зарурат ва робитаи ҷудонашаванда бо пешрафти фановарӣ ғояи лоиҳаи “Somoni GPT” аз ҷониби таҳиягари ҷавон Алшер Азизов бо дастгирии оператори рақамии Tcell ба вуҷуд омадааст. Аҳамияти таҳияи ин модели беназири забони бузурги (LLM) зеҳни сунъӣ дар забони модарии тоҷикӣ хеле бузург аст. Somoni GPT на танҳо маҳсулоти технолоҷӣ, балки як қадаме дар роҳи рушди забон ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ҳадафи мо ба мутахассисони ҷавон ва нобиғаҳо дар лоиҳаҳои инноватсионӣ ва технолоҷӣ, ҷорӣ карудани ҳалли пешрафта, ки дар ҳаёти мо кӯмак мерасонанд, аст.
«Мо ифтихор дорем, ки ин фановарии муосир решаҳои худро дар минтақаи беназири мо пайдо кардааст. Таърих ва фарҳанги мардуми мо илҳомбахши рушди фановариҳои нав ва ҳамгироии онҳо ба таҷрибаи ҳаррӯза аст. Мо бояд саҳми бебаҳои забон, илм ва адабиёти тоҷикро дар рушди тамаддун дарк карда, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, ки забони тоҷикӣ дар ҷаҳони рақамии муосир ҷойгоҳи сазовори худро дошта бошад. Аз ҷумла, ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рақамисозии бойгонии таърихӣ, матнҳои илмӣ ва адабӣ ва фарҳанги чандинасра шомили ҳамин амр аст», – таъкид кард директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин пешрафтҳои инноватсионии шарикони Tcell, ширкати VisionLab, ки коркардҳои худро дар соҳаи биноии компютерӣ, ширкати Twin бо муаррифии имкони ботҳо бо забони тоҷикӣ, ширкати Comfolks, ки механизмҳои пешбурди мол ва хидматрасонӣ дар интернетро ироа меунад, аз ҷумла эълони роҳандозии Яндекс Плюс дар Тоҷикистон, ки бар тамоюли оператор барои саҳм гузоштан ба истиқлоли рақамӣ ва рушди кишвар таъкид дорад.
T-tech.AI 2023 на танҳо як рӯйдод, балки як саёҳати фалсафӣ буд, ки дар он азамати гузашта сарчашмаи илҳоми муҳаққиқон ва таҳиягарони муосир гардид.
Мо бояд аҳамияти саҳми бебаҳои забон, илм ва адабиёти тоҷикро дар тамаддуни башарият ва эҳёи илм дарк кунем ва тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, ки забони тоҷикӣ дар ҷаҳони муосири рақамӣ ҷойгоҳи шоистаи худро таъмин намояд.
Дар даврони инқилоби рақамӣ рақамисозии забон, фарҳанг, таърихи тоҷик ба як амри зарурӣ табдил ёфта, ширкати Tcell бо ифтихор дар ин раванди муҳими мероси миллат саҳм мегузорад.