Дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон дар натиҷаи низои мусаллаҳонаи сокинони ду деҳа, як нафар кушта ва ҳафт тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Полис хабар медиҳад, ки низоъ миёни сокинони деҳаҳои Аса ва Кумтиин шаби 6 ба 7 ноябр рух додааст. Ба гуфтаи полис, шаби 6 ноябр миёни ду мусофири автобус, ки аз деҳаи Аса ба деҳаи Кумтиин мерафтанд, низоъ бархостааст. Ин моҷаро нисфишабӣ идома пайдо кардааст.
«Дар натиҷа миёни сокинони ду деҳа бо истифода аз силоҳ низоъ сар задааст. Дар пайи ин моҷаро ҳафт одам бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон муроҷиат кардаанд. Ба ҷуз ин, аз ҷароҳати тир як сокини 30-солаи деҳаи Каракемер ба ҳалокат расидааст», – хабар медиҳад полис.
Блоки рекламавӣ