Туркия пас аз суқути режими раисиҷумҳури пешин Башор Асад дар марзи шимолии худ бо Сурия нирӯҳоро ҷамъ мекунад. Хукуматдорони Амрико аз хучуми миқёсан васеъ метарсанд, менависад The Wall Street Journal.
Ба гуфтаи манобеъ, нирӯҳо шомили нерӯҳои мусаллаҳи суриягӣ ва артиши Туркия, ҳамчунин шумори зиёди артиллерия ҳастанд, ки дар наздикии Кобанӣ, як шаҳри умдатан курдӣ дар Сурия дар марзи шимолӣ бо Туркия мутамарказ шудаанд. Як мақоми амрикоӣ гуфт, шояд амалиёти фаромарзии Туркия наздик бошад.
Ҷамъ омадани ин нерӯҳо, пас аз суқути раисиҷумҳури пешини Сурия Башор Асад, ки дар авоили моҳи декабр рух дода буд, талошҳои низомии Туркияро қабл аз ҳамла ба шимолу шарқи Сурия дар соли 2019 ба ёд меорад.
Дар ин замина намояндаи Нерӯҳои демократии Сурия Илҳом Аҳмад ба раисисҷуҳури интихобшудаи ИМА Доналд Трамп муроҷиат кард. Вай аз ӯ хоҳиш кард, ки ба раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон таъсир расонад, то аз ҳамлаи эҳтимолӣ, ки ҳадафаш “барқарор кардани назорати воқеъӣ” бар қаламрави курдҳо ва “маҷбур кардани” Иёлоти Муттаҳида ба ҳамкорӣ аст, даст кашад.