Бахшида ба ҷашни 30-солагии Исттиқлолияти давлатии ҶТ дар ноҳияи Кушониён корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома дошта, дар се соли оянда дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 190 иншооти таьиноташон гуногун сохта мешаванд.

Раиси ноҳияи Кушониён Ҷаббори Ғаффор зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ҳоло корҳои сохтмонии нишон ва парчам дар маркази ноҳия оғоз гардида, моҳҳои наздик ба истифода дода мешаванд.

Раиси ноҳия афзуд, ки барои истироҳату фароғати сокинон корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия оғоз шудааст. Гуфта шуд, дар боғи мазкур тамоми таҷҳизот барои бозии  кӯдакон фармоиш дода шудааст, ки рӯзҳои наздик насб хоҳанд шуд.

– Дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд, – илова кард Ҷаббори Ғаффор.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь