Лоиҳаи “Ҷомеаи ман бидуни сил”, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи ҳамкории пешгирии бемории сил дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил дар вилояти Хатлон амалӣ мешавад, дар як чорабинии вижа сокинони ноҳияи Восеъро аз ташхиси ройгон гузаронда, ҳамчунин барномаи фарҳангӣ ва ҳаҷвӣ ба сокинону меҳмонини ин ноҳия тақдим намуд.

Дар чорабинӣ, ки 28-сентябр дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ баргузор шуд, сафирони пешгирии бемории сил дар Тоҷикистон баҳри болидахотирии ҳозирин ҳунарнамоӣ карданд.

Бояд хотирасон кард, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинии вижа огоҳ кардани мардум аз бемории сил, дарёфт ва муолиҷаи саривақтии шахсони гирифтори бемории сил мебошад. Дар чорабинӣ саҳнаҳои ҳаҷвӣ доир ба бемории сил ва маълумоти муфид дар бораи ин беморӣ ба сокинон расонда шуд. Ҳамзамон, сокинони хоҳишманд тавонистанд аз ташхиси ройгони рентгенӣ тариқи беҳтарин дастгоҳи муосири тиббӣ гузаранд.

Маблағи ҷамъшуда аз ин чорабибинӣ барои таъмир ва кӯмак ба марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил дар ноҳияи Восеъ тақдим карда мешавад.

Ҳамватанони азиз биёед ҷомеаи худро аз бемории сил пок созем!

Саодат Исмоилӣ,

Маҳина Давлатова,

коршиносони эҷодии Ассотсиатсияи ҳамкории пешгирии бемории сил дар Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь