Як хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 дар ноҳияи Восеъ даст ба худкӯшӣ задааст. Ин наврас худро, рӯзи 31-уми август, дар дохили оғил овехтааст.

Падари марҳум Носир Мирзояров дар суҳбат бо “Фараж” гуфт, аз ҳамсари аввалааш, ки чанд сол қабл даргузашт, чор фарзанд дорад ва писари марҳумаш фарзанди калонӣ буд. Ба гуфтаи Худойбердӣ Мирзояров писараш Мирзояров Н. дар мактаб бо баҳои миёна мехондааст ва хостааст, ӯро баъди хатми синфи нуҳ, ба интернат барои бепарасторони ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барад.

– Бо роҳбари интернати мазкур маслиҳат кардем, дирӯз бояд писарамро ба он ҷо мебурдам, аммо ҷасади овезонашро аз оғилхона ёфтам, – гуфт Мирзояров Х.

Сару садоҳое ҳам ҳастанд, ки гӯё директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-и деҳаи Сулҳободи ҷамоати деҳоти Тугарак Ҳафизов Суҳроб, ки марҳум Носир Мирзояров он ҷо таҳсил мекард, бо сабаби давомоти нопурра ва таҳсили ғайриқаноатбахши ӯ ва чанде дигар аз ҳамсинфон, нахостааст, ки марҳум Мирзоев Н. ва дигар ҳамсабақон таҳсилашонро дар синфҳои болоӣ идома диҳанд. Аз ин рӯ, бо волидонашон маслиҳат кардааст, то фарзандонашонро барои аз худ кардани касбу ҳунар ба омӯзишгоҳҳо ҷалб созанд.

Ин дар ҳолест, ки директори муассисаи мазкур Суҳроб Ҳафизов овозаҳоро рад карда, дар тамоси телефонӣ гуфт, нафароне ҳастанд, ки дар ҳаққаш туҳмат мекунанд.

– Дар мактаби мо се синфи нуҳ буд. Баъди хатм хонандагон бо хоҳиши худ ва падару модарон таҳсилашонро дар омӯзишгоҳҳо давом додан хостанд ва ҳуҷҷатҳояшон аз мактаб гирифтанд. Барои ҳамин сафи хонандагон кам шуд ва дар синфи болоӣ аз се синфи нуҳ ду синфи даҳ ташкил кардем. Ягон муаллим ягон хонандаро аз синф пеш накардааст, – гуфт директори мактаб Ҳафизов Суҳроб.

Айни ҳол сабабҳои марги ноболиғ Носир Мирзояровро мақомоти прокуратураи ноҳияи Восеъ тафтиш мекунанд.

Мавзуъро пайгирӣ мекунем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь