Ба Ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст, ки нақлиёти соли бароришашон то 2005 ба Тоҷикистон ворид карда нашаванд.
Масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист Саидусмон Судуров дирӯз, 25-уми январ, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин пешниҳод аз ҷониби чанд вазорату идораҳои давлатӣ ба Ҳукумати кишвар ироа гардидааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад.
– Дар сурати қабул шудани ин пешниҳод аз 1-уми апрели соли равон воридоти мошинҳое, ки истеҳсолашон то соли 2005-ум ҳаст, манъ хоҳад шуд, – гуфт Судуров.
Ба гуфтаи ин масъул, “зарурати ин иқдом дар он аст, ки мошинҳои истеҳсолашон куҳна дуди ғализ бештар содир мекунанд ва ҳаворо зиёдтар олуда месозанд, ки ин ба саломати сокинон зиён дорад”.
Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон низ барои ҳавасманд кардани сокинон дар харидани мошинҳои нав соли 2017 боҷи гумрукиро 50 дарсад кам карда буд.
Айни замон нархи бозории мошинҳои соли бароришашон аз 2005 боло на кам аз 50 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар сурати қабули ин пешниҳод на ҳама шаҳрвандон соҳиби нақлиёти сабукрави нав шуда метавонанд ва шояд сафи пиёдагардон зиёд шавад.