19-уми апрел Ҷалолиддин Пиров, корманди 38-солаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар беморхона вафот кард. Ба қавли афроде, ки дар ҷанозаи мақтул ширкат доштанд, ӯро аз беморхона бо мошини ёрии таъҷилӣ ба хона оварда, бе кушодани рӯйи тобут ба оромгоҳ бурда дафн карданд. Ин амал дар вазъияти вахими ҷаҳонӣ, ки ҳар кишвар хавфи сироят ба вируси коронаро дорад, миёни аҳолӣ шубҳаву гумонро атрофи ба коронавирус мубтало будани мақтул зиёд кард.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин овозаро рад карда, гуфт, “Ҷалолиддин Пиров, сардори шуъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе бо ташхиси зукоми А, илтиҳоби дутарафаи шуш фавтида, дар ӯ ҳеҷ нишоне аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст”.
– Номбурда 15-уми апрели соли равон нахуст, дар Беморхонаи бемориҳои сироятиии кӯдаконаи шаҳри Душанбе бистарӣ гардида, сипас бо сабаби вазнин шудани вазъи саломатиаш ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе интиқол дода шуд, – гуфтанд аз Вазорати тандурустӣ. – Бо вуҷуди андешидани чораҳои иловагӣ, нимаи аввали рӯзи 19-уми апрел Ҷалолиддин вафот кард. Ташхисҳои пешакии аз коронавирус гирифтаи ӯ низ манфӣ баромад.
Ҳоло ба хотири чораҳои пешгирикунанда Вазорати тандурустӣ ҳамаи аъзоёни оилаи Ҷалолиддин Пировро зери қарантин қарор додаанд.
Вазорати тандурустии кишвар гузориш додааст, ки то 20-уми апрел 8 ҳазору 212 нафар шаҳрванде, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон омадаанд, ба қарантин гирифта шудаанд. Дар ҳеҷ яке аз онҳо нишонаҳои коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.