(Ҷузъиёти ҳодисаи занозании корманди АМИТ ва нозири барқ)
Баъди нашри матлаб дар вебсайти “Фараж” зери унвони “Душанбе: Нозири барқ шадидан латукӯб шудааст”, корманди Академияи миллии илмҳо М. Шамсов, ки ба латукӯби нозири барқ гумонбар дониста мешавад, ба идораи ҳафтанома омад. Дасти росташ бо гаҷ маҳкам шуда, докапеч буд. Аз рӯи ташхиси ренгенӣ маълум гардид, ки ӯ ҳам дар занозанӣ бо нозири барқ дар дохили хонаи истиқоматияш аз қисмати ангуштони дасти росташ сахт осеб бардошта, ҷарроҳӣ шудааст ва аз рӯи санади ташхиси тиббӣ ҷароҳати миёна ба саломатӣ бардоштааст.
Номбурда дар суҳбат ба ҳарфҳое, ки дар мавод нисбаташ арз шудааст, изҳори норозигӣ кард, зеро, ба гуфтаи ӯ, воқеъият тамоман чизи дигар будааст. Шамсов матлабро қисман яктарафа номид ва ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ дод. Ӯ дар муноқишаи рухдода худи нозири барқи ноҳияи Сино Наврӯзи Қосимро муқассир хонд, чун номбурда бо тундию дағалгуфторӣ вориди манзилаш шуда, бо вай занозанӣ кардааст.
– Тарсидани ман гарчӣ зи бадномӣ буд,
Акнун зи чӣ тарсем, ки бадном шудем, –
гуфтааст Хайём. Ман аслан шаъни корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро то ин дараҷа паст кардан, ки бо муноқиша бо нозири барқ дар хонаам ба вуқуъ омад, намехостам, лекин чӣ кор кунем, ки ин бало ва офати ногаҳонӣ бо ҳукми тақдир ба сари мо омад. Бояд бигӯям, ки дар муддати 22 соле, ки ман дар суроғаи кӯчаи Испечак-2, М-13-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиндагӣ дорам, ягон маротиба бо соҳаи коммуналӣ, об, партов ва барқ мушкил надоштам, то вақте ки Наврӯзи Қосим ба ҳайси нозири барқ ба маҳаллаи мо таъйин шуд. Ман тафсилоти бештарро дар баёнотам вобаста ба он ки дар муддати 6-7 моҳи корияш нозири мазкур ва умуман, кормандони барқи ноҳия бо хонаводаи ман ва шахсан бо худи ман чӣ гуна муносибат доштанд, баён доштам. Аз он ҷумла, яке аз ҳолатҳои хеле дағалона ва хунукназаронаи муносибати Н. Қосим миёнаҳои моҳи март, тахминан рӯзи 17-уми ҳамин моҳи соли равон буд, ки ӯ бе ҳузур ва иҷозати ман ҳамроҳии сарнозираш ҳисобкунаки барқии маро канданд. Вақте ман омадам, ҳисобкунак дар дасташон буд. Онҳо гуфтанд, ки ҳисобкунаки шумо вайрон шудааст ва барқро камтар ҳисоб мекунад. Ба онҳо гуфтам, ки ман мутахассиси соҳа нестам, баред, ташхис кунед, ё ҳамин бошад ва ё дигараш ба ман фарқ надорад, оварда насб кунед ва баъдан аз рӯзи васлкардаатон маблағашро ҳисоб кунед. Ин ҳисобкунакро ман қаблан бо 300 сомонӣ худам харида будам. То он даме ки ҳисобкунаки барқиямро гирифта буданд, ман мувофиқи рақам, ягон дирам аз пули барқ қарз надоштам. Ҳамин тавр, Наврӯзи Қосим бо гузашти беш аз ду моҳ, рӯзи 19-уми май, дар ҳолате, ки мо дар карантин қарор доштем ва оилавӣ як муддат бо фарзандон таб доштем, дари моро зад. Ӯ дар дасташ расиди барқ гуфт, ки гӯё ман аз барқ 900 сомонӣ қарздорам. Ман дар умрам бори аввал чунин муносибатро дидам. Ҳайронам, ки агар ин нозир бо корманди Академия чунин муносибат дошта бошад, бо як шаҳрванди оддӣ чӣ гуна бархӯрд хоҳад кард?
Нозири барқ Наврӯзи Қосим гуфт, “шумо ҳисобкунаки барқӣ надоред ва мо мувофиқи талаботи зимистона ё тобистонаи худамон барқро нарх мегузорем ва шумо хоҳед нахоҳед, онро месупоред”. Ба қавли нозир бояд худи ман равам ва ҳисобкунак ёбам ва баъдан онҳо омада, насб кунанд. Дар ҳоле, ки ду моҳ пеш барқҳисобкунаки маро ба шарте бурда буданд, ки ё таъмир мекунанд ва ё навашро оварда часпонанд ва аз ҳамон рӯз пулашро ҳисоб мекунанд. Ҳамин тавр, бо нозири барқ дар гуфтугӯи қонунӣ шудам. Ба ӯ гуфтам, ки таҷҳизоти барқии маро шумо бурдед ва оварда ба ҷояш насб кунед ва баъдан чӣ гунае, ки ҳаст, ҳамон хел пули барқро месупорам. Маблағи барқе, ки гӯё ман “қарздор” бошам, ана аз ҳамин ҷо баромад. Аз нозири барқ пурсидам, ки чаро бо ман ин гуна рафтор мекунад? Ӯ бо як лаҳни дағал гуфт, ки шумо худатон равед, ариза нависед, кобед. Баъдан дидам, ки инҳо ҳисобкунаки барқии маро оварданӣ нестанд, маҷбур шудам, ки аз пайи насб кардани ҳисобкунаки дигар шавам, чунки фаҳмидам бо онҳо дигар коре карда намешавад, гузариш надоранд ва маблағи мазкурро ба сарам бор карданд. Баъдтар бо талошҳои худам, дар моҳи июн як ҳисобкунаки куҳнаи аз ташхисгузаштаро оварда, васл карданд, вале қарзи ба сарам боркардаашон монд. Ман дигар илоҷ надоштам ва қарзро қабул карда, гуфтам, ки бо пайдо шудани имконият оҳиста-оҳиста онро пардохт хоҳам кард. Ҳамин тавр, то рӯзи ҳодиса, яъне 20-уми август чандин маротиба дар хонаи ман ҳолати қатъ кардани нерӯи барқ аз ҷониби нозири барқ рух дод.
Шоми рӯзи 20-уми август низ нозири барқ Наврӯзи Қосим омада, барқро дар хонаи ман хомӯш кардааст ва дар шакли хушунатомез се ноқили барқро бурида, дар зери дигар ноқилҳо пинҳон кардааст, то мо онҳоро пайдо накунем. Писари калониям ба хона омадааст, ки барқ нест. Ноқилҳои барқро аз назар гузаронида, дидааст, ки бурида шудаанд. Баъдан писарам нозирро дар берун пайдо карда, хоҳиши пайваст кардани қувваи барқро кардааст, вале нозир бо қатъият изҳор доштааст, ки ба падарат занг зан, то омада, ҳамаи маблағро супорад, вагарна барқро пайваст намекунад. Ман бегоҳиҳо, пас аз кор, каме сайругашт мекунам, писарам ба ман занг зад ва фавран ҳозир шудам, аммо нозир набуд. Ҳарчанд нозирро кофтем, наёфтем. Ба телефонаш ҳам ҷавоб надод. Дигар илоҷ надоштем, ҳаво торик шуда истода буд. Аз як нафар ҳамсояам, ки барқро сарфаҳм меравад, хоҳиш кардам, ки барқи хонаи маро пайваст кунад. Ҳарчанд ҳамсояаам бе иҷозати нозири барқ намехост ин корро кунад, аммо ман исрор кардам, ки бо нозир ҳарф хоҳам зад.
Ҳамин тавр, пас аз тахминан ним соати пайваст кардани барқ, баъди соатҳои 19, занги дар садо дод. Дарро кушодам, пушти дари даромади хонаам нозири барқро дидам. Ӯ бо лаҳни хашин ва дағалона пурсид, ки чаро бе иҷозаташ барқро пайваст кардем? Пас аз баҳсҳои ҳамешагӣ ӯ маро ҳақорату дашном кард ва ба тарафи даруни хона тела доду ба хона даромад. Аз гиребонам гирифт ва кашмокаш сар шуд. Инкор намекунам, то ин замон чандин бор байни мо муноқишаҳои лафзӣ буданд, вале то ин дараҷаашро интизор надоштам. Бояд бигӯям, ки ӯ ягона нозире буд, ки дар тӯли 22 соли дар ин суроға зиндагӣ доштанам, маро намефаҳмид. Баъдан, ман ҳам ӯро тела дода, аз хона берун карданӣ шудам ва гуфтам, ки агар ман гунаҳкор ҳам бошам, дар ин вақти шаб ту ҳуқуқи ба манзили ман даромадан надорӣ! Дигар ҳамин тавр, бо ҳам сахт занозанӣ кардем. Инкор намекунам, чанд маротиба ба рӯяш бо мушт задам. Ман дар дохили манзили худам аз худ муҳофизат кардам. Фарзандонам, ки дар дохили утоқи худашон буданд, овози баланду занозаниро шунида, ба роҳрав баромаданд ва моро аз ҳам ҷудо карданд. Аз дасти захмбардоштаи ман ва аз бинии нозир хун мерафт. Чун ман хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар соли 1993 ҳастам ва маълумоти аввалини ман ҷарроҳи ҷоғу рӯй аст, ба ҷароҳати худам нигоҳ накарда, ҳамчун табиб, ба нозири барқ кӯмак расонидам. Бо фарзанди калониям, ки алҳол Н. Қосим ӯро туҳмат кардааст, ки гӯё мо якҷоя шуда, ӯро латукӯб карда бошем, ба курсӣ шинондем. Аввалин амале, ки анҷом додам, сару рӯяшро бо матоъи тар тоза ва хунравиро аз бинияш манъ кардам. Баъдан бо маҳлулҳои зидди микробӣ безарар гардонидам.
Сару садо дар бораи беҳушу беёд шудани нозир комилан дурӯғ аст. Баъд аз он ки хунравӣ аз бинияш манъ шуд, боз дашному ҳақоратамон дод ва гуфт, ки ҳозир амакамро телефон мекунам ва мегӯям, ки маро секаса заданд. Ҳамин тавр, бо пойи худаш ба берун баромад, дар назди даромадгоҳи бино ба касе телефон карду гуфт, ки бачаҳоро ҷамъ карда биёр, маро дар ин ҷо секаса футбол карданд. Дигар ба суханҳои ман гӯш намедод. Баъдан хесту рафт. Шаб ҷароҳати дастам варам кард ва саҳар дар бемористони “Қарияи Боло” духтурон маро ҷарроҳӣ карданд ва ду рӯз он ҷо бистарӣ будам. Ман то он вақте, ки қазия расонаӣ шуд, намедонистам, ки Наврӯзи Қосим низ дар бемористон аст. Баъдан инро аз расонаҳо фаҳмидам ва ман тамоми шахсиятҳои обрӯманди Академияро низ ба дидорбинияш фиристодам, ки якдигарфаҳмӣ шавад ва ҳамдигарро бахшем, аммо то ҷое, ки маълум шуд, онҳо бар зидди ман баёнот додаанд. Худо шоҳид аст, ман чунин ранг гирифтани корро интизор надоштам. Дигар илоҷ надоштам ва ман ҳам барои бесабаб қатъ кардани қувваи барқам, дар соати ғайрикорӣ ба хонаи истиқоматиям даромадану боз бо ашёи халанда ба ман ҳамла кардани Наврӯзи Қосим ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардам. Дигар чӣ илоҷ, бигузор мақомот ба аъмоламон баҳои ҳуқуқӣ диҳанд, – гуфт корманди институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ.
Ёдовар мешавем, қаблан вебгоҳи “Фараж” бо истинод ба маркази матбуоти ВКД, хабар дода буд, ки нозири барқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Наврӯзи Қосим аз ҷониби се узви як хонавода дар кӯчаи Испечак-2, М-13 латукӯб шудааст ва нозир бо ҷароҳатҳои вазнини кафидаи сару рӯй ва шикастани бинӣ ба шифохонаи маъруф ба “Қарияи Боло” бурда шудааст. Ҳодиса шоми панҷшанбеи 20-уми август дар минтақаи зери назорати нозири барқ рух дода буд.
Сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Баҳром Сафаралиев дар шарҳи ҳодиса гуфта буд, ки нозири барқ 900 сомонӣ маблағи истифодашудаи чандмоҳаи барқро мизоҷ талаб карда будааст ва ин сабаб гаштааст, ки соҳибхона бо писаронаш нозирро ба хона дароварда, латукӯб карданд.
Табиби шуъбаи гӯшу гулӯву бинии беморхонаи “Шифобахш” Собир Луқмонов, ки Н. Қосимро ҷарроҳӣ кардааст низ гуфта буд, ки бемор бо нишонаҳои шикастани бинӣ ва кафидаи пушти гӯш, тахминан соати 22-и шаби 20-уми август ба шӯъба ворид шудааст ва пас аз хабар додан ба мақомот, ӯро фавран ҷарроҳӣ кардаанд.
Аз маркази матбуоти ВКД, бо истинод ба муфаттиши ШВКД Сино-2, ки қазияро мавриди санҷиш қарор додааст, ба “Фараж” гуфтанд, ки ҳодиса шоми 20-уми август, дар пайи рафтори дағалона ва дашноми қабеҳ шунидани соҳибхона аз ҷониби нозири барқ, иттифоқ афтодааст.
“Нозири барқ дағалона рафтор карда, барқи соҳибхонаро қатъ кардааст. Соҳибхона кормандони Академияи миллии илмҳо аст ва чанде қабл ҳамсарашро аз даст дода будааст. Ӯ аз нозир хоҳиш кардааст, ки мусибат дорад ва якчанд рӯзи дигар сабр кунад, маблағро пурра пардохт мекунад. Ба ин нигоҳ накарда, миёнашон муноқиша бармехезад ва, ба гуфтаи соҳибхона, нозири барқ ҳамсари фавтидаашро дашному ҳақорат кардааст. Дар натиҷаи асабоният нозири барқро ба хона дароварда, ҳамроҳ бо писаронаш латукӯб кардааст. Айни ҳол ҷабрдида дар беморхона қарор дорад ва аз рӯи қазия тафтишот идома дорад, – иттилоъ доданд аз ВКД.