Дар доираи сафари расмияш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд.
«-Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон қаноатманд ҳастем”-гуфт зимни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мо иттилоъ дод Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин афзуд, ки дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари дӯсти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар ҷиҳат шоёни назар мебошанд.
Мо омодаем, ки баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои байни кишварҳоямон талошҳои муштарак намоем.
Мусаллам аст, ки дар ин раванд тамосҳои мунтазами сатҳи олӣ, аз ҷумла дар ҷодаи робитаҳои байнипарлумонӣ аҳамияти хосса доранд.
Умедворам, ки пас аз сафари мо ба ин кишвари барои мо дӯст ва бародар равобитҳои байнипарлумонӣ такони тоза хоҳанд гирифт.
То имрӯз байни Тоҷикистону Эрон беш аз 160 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро ҳамоҳанг ва дурнамои онҳоро муайян месозанд.
Аз ҷумла «Эъломияи густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон», ки соли 1997 имзо шудааст, то имрӯз принсипҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистонро бо Эрон танзим мекунад.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки механизми муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳои моро Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мебошад, ки иҷлосияи нахустини он (21-27) сентябри соли 1996 дар шаҳри Теҳрон баргузор гардида буд.
Маълум аст, ки дар замони муосир ба роҳ мондану пеш бурдани тиҷорату ҳамкориҳои васеи иқтисодию сармоягузорӣ омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ байни кишварҳо маҳсуб меёбад.
Бояд иброз намоям, ки барои тақвият додани ҳамкориҳо байни кишварҳоямон ҳанӯз имконияту иқтидорҳо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ вуҷуд доранд.
Албатта, ҷониби Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки дар ин бахшҳо раванди ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба масъалаҳои байнипарлумонӣ изҳори назар намуда, таъкид намуданд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ (20 окятбр) соли 2011 пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаро бо имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкории байнипарламентӣ ба имзо расонидаанд.
Боиси қаноатмандист, ки миёни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамояд.
Бояд зикр намуд, ки дар заминаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямон қадамҳои устуворе гузошта шудаанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки ин ҳамкориҳоро густариш диҳем. Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судмандро тақвият бахшем.
Дар фарҷом бори дигар аз пазироии самимонаи Шумо, изҳори сипос менамоям. Итминон дорам, ки бо шарофати кӯшишҳои ҷонибҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эронро ба манфиати ҳар ду кишвар боз ҳам густариш ва таҳким хоҳанд ёфт,-гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф ҳамчунин сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагонро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон оғозгари фасли навин дар раванди муносибатҳои парлумонии ду кишвари бародар шумурда, хостори тақвияти ҳамкориҳои маҷлисҳои ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гуруҳҳои дустии муштарак гардид.
Дар мулоқот Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва Сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода иштирок намуданд.