Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барзиёд иҷро кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Субҳи имрӯз сокинони шаҳри Хоруғ, аз хурд то бузург, ба кӯчаву хиёбони марказӣ баромада, бо баргузории роҳпаймоӣ ҷавонписарони синни даъватиро то боғи фарҳангию фароғатии шаҳр ҳамроҳӣ карданд. Дар ин ҷо ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки беш аз 6 ҳазор нафар, аз ҷумла раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини идораву муассисаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва наваскарону волидайни онҳо баргузор гардид.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба ҳамаи даъватшавандагон ва волидайни онҳо барои сари вақт ҳозир шудан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ва дар як рӯз иҷро кардани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос баён намуд.
Изҳор гардид, ки ин далели дарки амиқи рисолати шаҳрвандӣ ва меҳру муҳаббати гарму самимии ҷавонон нисбат ба Ватан-Модар мебошад.
Соли ҳафтум аст, ки ҷавонони шуҷоъ ва далери Бадахшон маъракаи даъвати баҳорию тирамоҳиро дар рӯзи аввал ҷамъбаст мекунанд ва ба хизмати содиқона ба Ватан раҳсипор мегарданд. Хизмат кардан ба Ватан- ин хизмат ба падару модар буда, рамзи оромию хонаободии рӯзгори ҳар сокини ҷумҳурӣ мебошад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватандӯстию миллатдӯстиро бо ҳифзи марзу буми Ватан тавъам дониста, чунин изҳор медоранд: «Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии ҷумҳуриро дар назар дорем. Имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванди некхоҳ ва ҳар тоҷики ватандӯст- аз хурд то бузург афзудан ба дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».
Зимни ҷамъомад падару модарон ва наваскарон ба саҳна баромада, ба Пешвои миллат бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои сарбозон дар қисмҳои низомӣ изҳори сипос карданд. Кӯдакону наврасон дар васфи Ватан-Модар, Тоҷикистон ва ифтихори ватандӯстӣ шеърҳо қироат намуданд.
Маросими гусели наваскарон бо барномаи фарҳангӣ ба анҷом расид.