Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз чанд мавриди дуздӣ ва ғоратгарӣ дар ҳафтаи охир хабар дод, ки қонуншиканҳо фавран аз ҷониби мақомоти милитсия дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 4-уми январи соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1-адад чорчархаи кӯдакона, ки дар ошёнаи 6-уми бинои истиқоматиаш меистод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.

Ҳамзамон бо ариза ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат зани 25-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи декабри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг” ва молу ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 4 ҳазору 50-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 41-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 8-уми декабри соли 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар дохили маркази дилхушии “Ҷавонон”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз дасташ телефони мобилии тамғаи “Редми-8”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь