Дар марҳилаи авҷи вируси  Covid-19 дар саросари ҷаҳон, фавти ногаҳонии 4 нафар дар Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе, маъруф ба “Якум Советский”, шубҳаву гумони мардумро атрофи ба вирус мубтало шудани сокинон боло бурд.

Директори Маркази тибии № 1-и шаҳри Душанбе Хуршед Рустамзода фавти сокинонро дар беморхона рӯзҳои 21-22-юми апрел тасдиқ карда, гуфтааст, синну соли фавтидагон аз 60 то 73-соларо ташкил медод. Номбурда гуфтааст, “сабаби марги онҳо пневмония буд”.

Хуршед  Рустамзода зикр намуда, ки феълан вазъи саломатии се нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Гуфта мешавад, ки нафарони дар беморхона баҳалокатрасида, сокинони шаҳри Душанбе, ноҳияи Варзоб ва Рӯдакӣ будаанд.

Ба иттилои масъулин, айни ҳол дар ин Марказ 114 нафар бо илтиҳоби шуш ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикитстон дар такя ба маълумоти Агентии омор гузориш медиҳад, ки пневмония  бемории муқаррарӣ буда, ҳамасола бар асари ин беморӣ даҳҳо нафар ба ҳалокат мерасанд. Соли 2019-ум 1 ҳазору 31 нафар аз ин беморӣ вафот кардаанд.

– Чанд ҳодисаи фавте, ки вақтҳои охир дар кишвар бо бемории илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуд, ташхиси қаблии беморон нишон дод, дар онҳо ягон нишонаи коронавирус мушоҳида нашудаасд, – гуфтааст Вазорати тандурустӣ.

Қаблан, Вазорати тандурустӣ бо роҳбарии муовини вазир Шодихони Ҷамшед ҷаласаи ситоди фаврӣ баргузор карда, вазъи гирифторшавӣ ва табобати беморони илтиҳоби шушро баррасӣ карда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь