Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, аз 1-уми феврал то имрӯз 6159 нафар шаҳрванди аз хориҷ ба кишвар воридгардида дар беморхонаҳо ва осоишгоҳҳо ба қарантин фаро гирифта шудаанд.
Аз Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ба Farazh.tj гуфтанд, ки аз 6159 нафар, 2146 нафар ба хонаҳояшон баргашта, 4013 нафари дигар дар қарантин қарор доранд.
– То 30-юми март дар қаламрави Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, – хабар доданд аз Вазорати тандурустии кишвар.
Ёдовар мешавем, ки 27-уми март дар назди Вазорати тандурустӣ ҷаласаи гуруҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазири тандурустӣ Шодихони Ҷамшед доир гардида буд. Дар ҷаласа масъалаи эълони ногаҳонии вазъияти фавқулда баррасӣ шуд. Шодихони Ҷамшед дар масъалаи эълони қарантин ба роҳбарони ниҳодҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ супоришҳои мушахас дод.
Ҳарчанд сарусадоҳо атрофи аз 1-уми апрел эълон шудани ҳолати фавқулода аз ҷониби сокинон ин шабу рӯз зиёд садо медиҳанд, мақомот то ҳол ин ба ин масъала равшанӣ наандохтаанд ва ба таври расмӣ тасдиқ нашудааст.
Қаблан Вазорати маориф ва илм эълон карда буд, ки дарсҳои муассисаҳои миёна бидуни таъхир аз 1-уми апрел оғоз хоҳанд шуд.