Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт соли 2019 дар самти нақлиёту мусофиркашони 4695 маротиба рейдҳои санҷишӣ гузаронида, 50 189 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додааст.

Ин нишондодро вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Завқибек зимни нишасти матбуотии вазораташ, ки 29-уми январ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма ва роҳбарони ниҳодҳои зерсохтори Вазорати нақлиёт, баён кард.

Дар нишасти мазкур масоили роҳу коммуникатсия, ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандон ҳангоми ҳаракат дар роҳ, тармим ва азнавсозии роҳҳои вайрону таъмирталаб ва роҳҳои ҳифзи аҳолӣ аз коронавирус таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Вазири нақлиёт зимни нишаст иброз намуд, ки мавҷудияти тарозуҳои пулакии  Ширкати IRS дар масири Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ҳатмӣ аст.

– Агар тарозуҳои пулакии ширкат набошад, мо наметавонем, ки таъминоти бехатарии ин ҷодаро пурра ба роҳ монем, – гуфт Худоёрзода Завқибек. – Маблағи аз тарозуҳо бадастомада барои нигоҳдории роҳҳо масраф мегардад.

Ба иттилои роҳбари Хатамоти назорати нақлиёт Ганҷализода Шералӣ, қисми зиёди протоколҳои ҳуқуқвайронкуниро ронандагони нақлиёти гаронвазн ташкил медиҳанд.

Аз вазъи истгоҳҳои шаҳри Душанбе вазири нақлиёт изҳори нигаронӣ карда, ба Хадамоти танзими нақлиёт барои бартарафсозии ҳолат дастурҳои мушаххас дод.

– Ҳақиқатан, истгоҳҳои шаҳри Душанбе дар ибтидои азнавсозӣ ҳолати хуб доштанд, лекин имрӯзҳо бандсозии назди истгоҳҳо аз ҷониби таксиҳои ширкатҳои мусофиркашонӣ нигаронии мусофирон ва истиқоматкунандагонро ба миён овардааст, – таъкид намуд вазири нақлиёт. – Истгоҳи Гулистон тафаққуфгоҳи мошинҳоро мемонад. Ман бо чашми худ шоҳиди ин ҳол будам.

Вазири нақлиёт маълумоти аз ҷониби баъзе аз ширкатҳои алоҳидаи мусофиркашонӣ, ба ронандаҳо маблағи музди кор дода нашуданро, тасдиқ карда, барои бартарафсозии ҳолат ба ниҳодҳои зерсохторҳои вазорат дастур дод.

Шаҳноз Ализода,

Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь