Нашри “Буҷа барои шаҳрвандон” мусоидат мекунад, ки ҳар фард аз буҷаи соли 2021-уми кишвари худ комилан огоҳ бошад. Дар он тамоми марҳилаҳои раванди буҷаи мамлакат акси худро ёфтаанд.

Дар саҳифаҳои нашрияи иттилоотӣ хонандагон метавонанд бо пешгӯиҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ки гуфта мешавад, асоси буҷа, самтҳои муҳими мсиёсати молиявӣ ва ҳадафҳои ҳукумат барои соли ояндаро муқаррар кардааст, аз наздик ошно шаванд ва дар бораи он маълумоти зарурӣ пайдо кунанд.

Ин буҷа аз замони муҳокимаи лоиҳа то марҳилаи ба парлумон пешниҳод шудани онро нишон медиҳад.

Дар нашри буҷа як боби алоҳида ба стратегияи молиявии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2023 бахшида шудааст. Ба ин васила шароити иҷрои буҷаи давлатӣ дар соли 2021 ва ҳадафҳои он барои солҳои 2022-2023 муайян карда шудаанд.

Ҳамчунин, дар қисми асосии нашри ин матолиб пешгӯиҳои даромад, харҷи он ва касри Ббуҷаи давлатӣ оварда шудаанд. Барои арзёбии пурраи ҳолати буҷаи мамлакат дар ин нашр нишондиҳандаи Ббуҷаи консолидашуда ё муттаҳидшуда пешкаш гардидааст.

Ҳадаф аз нашри буҷаи давлатӣ нишон додани ҳолат ва динамикаи қарзи давлатӣ низ мебошад, ки суолҳои зиёди шаҳрвандонро аз байн хоҳад бурд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь