Ҳаҷми умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2020 маблағи 2888,4 миллион доллари амрикоӣ ва ҳаҷми умумии қарзи дохилии давлатӣ 6,9 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки мутаносибан ба 35,8 фоиз ё 9,9 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.
Ба иттилои вазири молияи Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин 1,1 миллиард доллари ин қарз ба Ҷумҳурии Чин рост меояд.
– Дар барномаи қарзие, ки мо барои се соли минбаъда таҳия кардаем, мо гирифтан ё нагирифтани маблағ аз Чинро ба нақша нагирифтаем. Ҳар коршиноси масоили иқтисодӣ дар бораи то куҷо вобаста будани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Чин фикри худро дорад. Мутобиқи созишномаҳое, ки мо дорем, кӯшиш мекунем, то корҳоро пурра ба сомон расонем, – гуфт дар нишасти матбуотии ниҳодаш субҳи имрӯз Қаҳҳорзода Файзиддин.
Ӯ афзуд, “мо низ ҳавасманд ҳастем, ки географияи қарзгирии мо бо чанд давлат маҳдуд нашавад. Талош дорем бо кишварҳои аврупоӣ созишнома баста, маблағҳои аз лиҳози иқтисодӣ манфиатоварро ба ҷумҳурӣ ворид намоем”.
Дар мавриди коронавирус Қаҳҳорзода таъкид кард, ки таъсири вазъи ҳамсоякишвар, на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳо низ расидааст.
– Мо бо Чин роҳи нақлиёти дорему аз ин кишвар ба Тоҷикистон маҳсулоти зиёд ворид карда мешавад. Вазорат имрӯз бо Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз кор мебарад, то эҳтимолияти маҳкамшавии гузаргоҳҳову омилҳои ба иқтисодиёт халалворидкунандаро пешгирӣ кунад, – иброз дошт Қаҳҳорзода Файзиддин. – Хуруҷи коронавирус набояд ба сармоягузории Чин ба Тоҷикистон таъсир расонад. Ҳамкориҳое, ки бо Чин буданд, ҳамон тавр бетайғир боқӣ мондаанд.
Қаҳҳорзода дар мавриди таъсиррасонии Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон баён кард, ки кишвари Чин яке аз давлатҳои абарқудрати дунё аст, ки ҳамсоякишвари Тоҷикистон аст ва бояд равобит бо ин кишвар тақвият бахшида шаванд.
– Касе кафолат дода наметавонад, ки фардо ҷаҳонро чӣ ҳодисае интизор аст. Хавфҳои эҳтимолӣ буданд, ҳастанд ва боқӣ мемонанд. Ба ин масъалаҳо “либоси сиёсӣ” пӯшонидан лозим нест. Мо умед ба он мекунем, ки вазъияти Чин зудтар бартараф мегардаду равобити иқтисодиву фарҳангии мо бо ин кишвар вусъат меёбад, – гуфт Қаҳҳорзода Файзиддин.