Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар сабаби коҳишёбии муҳоҷирони меҳнатиро дар Тоҷикистон «хуб шудани раванди бо кор таъминкунӣ ва буҳрони молиявӣ» унвон кард.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дар соли 2018-ум 484 176 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки 419 664 мард ва 64 515 нафарашон зан будаанд.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сангинзода Эмин имрӯз, 7-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар ин бора иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, аз ин ҳисоб 463 252 нафар муҳоҷир ба Русия ва 13 586 нафарашон ба Қазоқистон сафар кардаанд.
– Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар назар ба ҳамин давраи соли 2017-ум 3 581 нафар коҳиш ёфтааст, ки ба як фоиз баробар аст. Сабаби асосии кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ аввалан хуб шудани раванди бо кор таъминкунии шаҳрвандон дар дохили кишвар ва дуввум, таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ мебошад. Бозгашт ба ватан бошад, дар муқоиса ба соли 2017-ум 3 дарсад афзоиш ёфтааст, – иброз дошт Сангинзода.
Ҳамчунин гуфта шуд, ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар аз хориҷ тибқи квотаҳои ҷудошуда ба давлатҳои хориҷӣ амалӣ мегардад.
– Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон асосан чиниҳо ҳастанд, ки дар бахшҳои сохтмон ва роҳсозӣ фаъолият мекунанд. Соли 2018 барои 7500 нафар муҳоҷири давлати Чин квота муқаррар карда шуда буд, ки 6837 нафар ворид шудаанд. Асосан муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони хориҷиянд, ки тибқи шартнома бояд ба шаҳрвандони мо дар ин бахшҳои фаъолият донишу малакаи касбӣ омӯзонанд, – гуфтанд намояндагони вазорат.
Қайд гардид, ки дар ин давра 312 шаҳрванди хориҷӣ барои нақзи муҳлати будубош аз ҳудуди Тоҷикистон берун карда шудаанд.