Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар мегӯяд, мардикорҳоро дар шаҳри Душанбе ба шуғли доимӣ ҷалб мекунанд.
Бо ин мақсад бештари ярмаркаҳои ҷойҳои кориро дар назди “Мардикорбозор”-ҳо баргузор мекунанд, то мардикорҳо тавонанд барои худашон кори муносиби расмӣ пайдо намоянд. Ин дар ҳолест, ки сафи корҷӯён дар бозорҳои мардикории шаҳри Душанбе меафзояд ва яке аз сабабҳои камтаваҷҷуҳии онҳо ба кори расмӣ маоши кам гуфта мешавад.
Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмон Ашӯрализода зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иброз дошт, дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби агентии мазкур 483 ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида шудааст, ки дар ҳар ярмарка ба ҳисоби миёна 13-14 корҷӯй ба ҷои кори доимӣ таъмин гардидааст.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода гуфт, вазорат мувофиқи барномаҳои аз тарафи Ҳукумати кишвар қабулкардашуда, ки шуғли пурмасъулро дарбар мегиранд, ҳаракат мекунад, сафи бозорҳои ғайрирасмии меҳнат дар кишвар зиёд нашаванд.
– Мо бояд ҳаракат ва кӯшиш кунем, ки мардикорон ба шуғли расмӣ гузаранд. Аввалан, андоз бояд сари вақт пардохт карда шавад, дуюм, маоши арзанда гиранд, сеюм, ҳифзи меҳнат пеш аз ҳама риоя карда шавад. Вақте ки шуғл расмӣ шуд, баъдан мо метавонем ҳамаи инро риоя ва назорат кунем. Шуғли ғайрирасмӣ набояд дар ягон давлат қобили қабул бошад. Он бояд аз тарафи мақомоти дахлдор ҳифз карда шавад, – иброз дошт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳасанзода Гулнора.