Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода бо ишора ба фаъолияти ширкати роҳбонии IRS пулакӣ шудани шоҳроҳҳоро дар кишвар баманфиат хонд.

Номбурда зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Бохтар эҳтимол дорад, аммо ин масъала пас аз ба итмом расонидани таъмири роҳ баррасӣ хоҳад шуд.

Худоёрзода аз мавҷудияти техникаҳои замонавӣ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд ва саривақт таъмиру тармим шудани он ёдовар шуда, гуфт, ин ҳолат барои истифодабарандагони роҳ фоидаовар аст.

Ёдовар мешавем, ки шоҳроҳи Душанбе-Бохтар бо дарозии 82 километр то соли 2023 ба роҳи ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва тезҳаракат табдил хоҳад ёфт. Қабл аз навсозӣ 12 метр паҳно дошт ва он 16 то 27 метр васеъ карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь