Имрӯз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири нақлиёти кишвар Худоёр Худоёрзода, ки чанде пеш даст ба худкушӣ зада буд, аз вазифааш озод карда шуд. Ҷойи ӯро дар ин вазорат Азим Иброҳим, ки то ин дам муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, гирифт.

Дар матни фармон, ки имрӯз ба имзо расид, омадааст, ки Худоёрзода Худоёр Завқибек бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи 11-уми август хабар дод, ки Худоёрзода Худоёр соли таваллудаш 1958, дар заминаи муноқишаи оилавӣ, дар хонаи истиқоматии худ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, бинои 67/4, ҳуҷраи 23, бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани худ, даст ба худкушӣ задааст.

Ӯро дар беморхонаи муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ҷарроҳӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь