Дар маркази ноҳияи Қубодиён, ҳолати вайрону валангори роҳҳои мошингард сокинон ва ронандагонро ба ташвиш овардааст. Ронандагон мегуяд ҳарчанд бо эҳтиёт дар ин самт равон мешаванд, вале боз ҳам ба ҳолати техникии нақлиёташон нуқсонҳои зиёд мерасад ва харҷашон аз даромад бештар мегардад.

Дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён,  ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, роҳҳои мошингард солҳост, ки таъмир надидаанд ва барои ронандагони воситаҳои нақлиёт мушкилии зиёд эҷод мекунанд. Зимни суҳбат бо ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятӣ онҳо аз ҳолати роҳ ва таъсири он ба нақлиёту сатҳи иқтисодиёташон сухан карда, иброз доштанад, ки солҳои зиёд аст ин роҳ таъмир намешавад ва ҳамаруза дар ин роҳҳо нақлиёт зарар мебинад, аз ин ру қисме аз ронандагон аз мусофиркашонӣ дар ин самт даст кашидаанд.

Чунин ба назар мерасад, ки дар маркази ноҳияи Қубодиён  касе барои беҳдошти инфрасохтори маҳал ва ҳалли мушкилоти пешомада парвое надорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар дигар маҳалҳо масъулин ва сокинон аз худ ташаббус нишон дода,  натанҳо дар таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингарди сатҳи маҳалӣ, балки дар бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба таври дастҷамъона ҳиссагузорӣ мекунанд.

Дар идораи ҷамоати шаҳрак иттилоъ доданд, ки роҳбарияти ҷамоат ба тозагӣ иваз гшудааст ва масъулини тозаинтихоб ҳоло аз ҳолати мавҷуда чандон огаҳӣ надоранд.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь