CoViD-19, бидуни шубҳа, бозори либос ва фалсафаи либоспӯширо тағйир медиҳад ва нақши либосро то ба воситаи ҳимояи инфиродӣ боло мебарад. Дар замони бемории ҳамагир чӣ бояд истеҳсол кард? Чӣ гуна? Кормандонро чӣ гуна ҳимоя бояд кард ва чӣ гуна бояд ба масъулиятҳои иҷтимоии корпоративӣ содиқ монд? Дар вебинаре бо иштироки раҳбарони корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон, ки имрӯз, 27-уми август, баргузор шуд, ин суолҳо садо доданд ва ба онҳо ҷавоб ҷустанд.

Ин тренинг дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ гардид. Ин давраи омӯзиширо ширкати маскавии Fashion Consulting Group доир кард.

Чолишҳои нав имкониятҳои навро фароҳам меоранд. Аксессуарҳои замони пандемия, ба монанди ниқобҳои муҳофизатӣ, дастпӯш, кӯлоҳ, ва таъсири пандемия ба тарҳу мӯди либос, интегратсияи он бо либоси варзишии муҳофизатӣ ва либоси ҳаррӯза, роҳандозии истеҳсолоти мувофиқ ба меъёрҳо ва талаботи байналмилалии бозорҳои Русия ва Аврупо дар ин чорабинии виртуалӣ баррасӣ шуд.

Галина Кравченко, тренери вебинар ва коршиноси тарроҳии коллексияи тиҷоратии либосворӣ, мегӯяд: “Биёед, масалан, содатарин маҳсулоти нассоҷии замони пандемия – ниқобҳои муҳофизатиро баррасӣ кунем. Барои кӣ мо онро истеҳсол мекунем? Ниқобҳое ҳастанд, ки асосан барои ҳимояи худи нафари ниқобпӯш дӯхта мешаванд, ниқобҳое ҳастанд, ки асосан барои ҳимояи дигарон истеҳсол мегарданд. Меъёру талаботи тиббӣ ва беҳдоштие ҳастанд, ки танҳо бо риояи онҳо маҳсулотро ба бозор иҷоза медиҳанд. Дар ин вебинар мо корхонаҳои Тоҷикистонро бо таҷрибаи байналмилалии ҷавоби мӯд ба бемории фарогир шинос кардем”.

МТБ рақамисозии баъзе аз самтҳои фаъолияташро ҳамчун қисмате аз нақшаи мутобиқат ба воқеиятҳои нав идома медиҳад. Созмондиҳии силсилаи барномаҳои омӯзишӣ аз тариқи онлайн бахше аз ин нақшаи мутобиқсозӣ мебошанд.

МТБ, ҳамчунин, ба ширкатҳои баҳрагирандааш, ки аз пандемия зарар диданд, кумак мерасонад, то ба фазои нави тиҷорат мутобиқ гарданд. Корхонаҳои бисёре, ҳарчанд баъзе кормандонашонро ба сабаби коҳиши истеҳсолот ихтисор карданд, фаъолияташонро дубора оғоз намуданд. Ин корхонаҳо роҳнамо ва тавсияҳои МТБ-ро доир ба ҳифзи  нерӯи корӣ ва саломатии кормандон ва рӯидаст гирифтани чораҳои ҷилавгирӣ аз КОВИД-19 дар амал татбиқ мекунанд. Корхонаҳо даромадгоҳҳо, дохили биноҳо, коргоҳҳо ва таҷҳизотро дезинфексия мекунанд ва миёни кормандон ниқобу маҳлули антисептикӣ тақсим менамоянд. Ба кормандон дастур дода мешавад, ки фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд. Баъзе корхонаҳо ҳарорати кормандонро пайваста месанҷанд. МТБ, ҳамчунин, ба корхонаҳои баҳрагирандааш доир ба роҳандозӣ ва рушди воситаҳову хидматрасониҳои интернетӣ машваратҳо медиҳад. Муҳиммияти ин ҳама чораҳо дар вебинар таъкид гардид.

Сар аз оғози моҳи марти соли ҷорӣ, корхонаҳои Тоҷикистон истеҳсолоташонро низ бо ҳадафи таъмини ниёзмандиҳои бозори дохилӣ бо маҳсулоти лозимаи тиббӣ ба талабот мутобиқ гардониданд. Дар вебинар, онҳо иловатан доир ба тақсимбандии навъҳои гуногуни ниқобҳо ва дастпӯшҳо, трендҳои нав ва эҷодкоронаи либосвории замони пандемия, ва талаботи сертификатсияи бозорҳои хориҷӣ маълумоти муфассал дарёфт намуданд.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь