Шумораи бомжҳо-оворагардону бесарпаноҳон рӯз ба рӯз дар пойтахти мамлакат рӯ ба афзудан дорад. Мардум борҳо ба ин гуна ҳолатҳое рӯ ба рӯ шудаанд, ки бархе рӯйи раҳ ва ё дар истгоҳҳо хобу беҳушу беёданд. Баъзеи дигар рӯйи алафзорҳо.

Вале бадбахтии дигаре, ки борҳо ба мушоҳида расид, ки ахиран маҷбур ба навиштани ин матлаб ва шикоят пардохтам, ҳоли оворагардони назди Академияи ВАО мебошад.

Аз бинои Тоҷикфилм болотар дар саргаҳи бинои Академияи ВАО-и Тоҷикистон як гурӯҳ оворагардонеанд, ки масту беҳуш дар рӯйи алафу гоҳе сементу хок хобанд. Ин чандин моҳ аст, ки идома меёбад, вале афсӯс, ки мушкил ҳеҷ рафъ нагашт. Садҳо одамон, даҳҳо зиёӣ аз ин ҷо гузар мекунанд, вале касе кор намегирад. Гоҳе ҷойи худро иваз карда, болотар ба қарибии истгоҳ мераванд. Аз мардум пул талаб кардаву пасон машрубот оварда менӯшанд ва маст гашта, худро рӯйи раҳ ҳаво медиҳанд. Ин ҳолат чандин бор идома ёфт. Якчанд маротиба надидем, хурсанд гаштем, ки рафтаанд, вале афсӯс, рӯзе якеаш, рӯзи дигараш касеи дигарро дар он ҷо беҳушу беёд мебинем. Роҳгузарон даст афшондаву мераванд.

Магар масъулине нест, ки омадаву вазъро санҷанд ва чораандешӣ кунанд. Охир ин нанг аст! Бовар накунед агар, биёеду бубинед, мо дар зер акси якеашро мегузорем. То кай чашм пӯшидаву меравем!!!

Асрор Азизӣ, сокини пойтахт

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь