Раҳбари Дафтари сиёсии Ҳамос Яҳё Синвор тавассути миёнаравҳои Миср ва Қатар ба Исроил пешниҳоди оташбасро расондааст. Дар ин бора CNN хабар додааст.

Як манбаи дигар ба нашрия гуфтааст, ки мавқеи нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар ин масъала норӯшан боқӣ мемонад. Ба гуфтаи вай, намояндагони Амрико ба Исроил расондаанд, ки ба ақидаи онҳо, вақти бастани созиш барои пешгирӣ аз густариши низоъ дар минтақа расидааст.

Миёнаравҳо пешниҳод карданд, ки мухолифон рӯзи 15-уми август дар Давҳа ё Қоҳира мулоқот кунанд, то “тамоми нофаҳмиҳои боқимондаро рафъ кунанд ва бидуни таъхир ба иҷрои созиш идома диҳанд”. Исроил ба фиристодани хайати вакилон розӣ шуд.

Як мақоми баландпояи маъмурияти Амрико қабл аз интишори баёнияи муштарак гуфта буд, ки ин санад гузаштҳои ҳарду ҷониб дар мавриди раҳоии гаравгонҳои исроилӣ ва зиндониёни фаластиниро дар бар мегирад.

Вай таъкид кард, ки ихтилофоти тарафҳо аз рӯи “чор ё панҷ масъала” боқӣ мондааст, ки дар якҷоягӣ бартарафнашаванда ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин, дар бораи ҳар яки онҳо “фурсат барои гуфтушунид” вуҷуд дорад, ки пешрафтро имконпазир мегардонад, афзуд сухангӯ.

Қаблан хабар дода будем, ки Яҳё Синвор, созмондиҳандаи ҳамлаҳои террористии 7-уми октябр, раҳбари нави Ҳамос интихоб шудааст. Раҳбари пешини ин созмон Исмоил Ҳания дар Теҳрон кушта шуд. Ҳамроҳи ӯ яке аз муҳофизони ӯ ба ҳалокат расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь