Вакилоние, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карда буданд, барои даҳ рӯз ба истироҳату табобат ба осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҷалб шудаанд, хабар медиҳад СМ-1.

Истироҳати вакилони иҷлосия дар ин осоишгоҳ аз 10-уми ноябр оғоз шуда, то 20-уми ноябр давом мекунад. Дар назар аст, ки аз тамоми манотиқи Тоҷикистон барои истироҳату табобат ба осоишгоҳи «Баҳористон» наздики 100 вакили ин иҷлосияи таърихӣ даъват шаванд. Чанде аз вакилон дар сӯҳбат бо СМ-1 гуфтаанд, ки ин тӯҳфаи арзанда дар арафаи 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳост.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев, маъруф ба Қасри Арбоб, баргузор гардида буд. Дар ин Иҷлосия бо иродаи кулли депутатҳои Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардида буд.

Акс аз СМ-1

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь