Дар арафаи иди Рамазон дар ноҳияи Вахш бо дастгирии МИҲД-и ноҳия ва як соҳибкор ба 200 нафар аз оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва дигар қишри ниёзманди ҷомоеа кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо дасти кӯмак дароз кардан ба ашхоси ниёзманд ба ҳукми анъана дорамадааст. Бо ташаббусҳои соҳибкорони ҷамоати шаҳраки “Киров”-и ноҳияи Вахш, роҳбарии онро Ёрмаҳмад Асоев ба уҳда дорад, ба зиёда аз 200 ниёзманд орд, равған ва шакар ҳамчун кӯмаки яквақтаина расонида шуд.

Дар майдони Парчами ноҳия ба хотири танзими нархҳо дар бозору фурушгоҳҳо ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввала ташкил карда шудааст. Аз МИҲД-и ноҳия хабар доданд, ки ҳадафи ташкили ин ярмарка муътадил нигоҳ доштани нархи бозору фурушгоҳо пеш аз иди Рамазон аст. Дар ин ярмарка нархи як килограмм гӯшт 60-65 сомонӣ, себ аз 10 то15 сомонӣ ва ба ин монанд дигар маҳсулот аз 10 то 15 дарсад аз бозорҳо арзон аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь