Дар таътили имсола аз муассисаҳои таълимию томактабии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон 9 ҳазору 365 кӯдак ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд.

Мушовири корҳои тарбиявии шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Фатҳулло Мирзоев, дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, дар назди 36 муассисаи таълимӣ ва 8 муасссаи томактабӣ истироҳатгоҳҳо ташкил шуда, то кунун мавсими якуми лагерҳо ба охир расида, марҳилаи дуюм оғоз шудааст.

Ӯ афзуд, ки дар се марҳила 9365 кӯдак ба лагерҳо фаро гирифта мешаванд, ки аз ин 45 нафарашон ба лагерҳои беруназшаҳрӣ фиристода мешаванд ва то кунун 37 нафар ба истироҳатгоҳҳои берунашаҳрӣ  фаро гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Абдуғанӣ Холов, сардори шуъбаи буҷет ва ба нақшагирии Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Вахш иттилоъ дод, ки ҳамагӣ аз ҷониби масъулони 13 муассисаи таълимӣ  барои ҷудо намудани маблағ баҳри гузаронидани лагерҳо ба Раёсати молия муроҷиат карда шудааст, ки мо дар асоси мактуби онҳо 39 ҳазор сомонӣ, яъне сари ҳар муассиса 3 ҳазор сомонӣ, маблағ ҷудо кардаанд.

– Агар дигар муассисаҳо муроҷиат кунанд, мо имкон дорем, ки ба онҳо низ 3 ҳазор сомонӣ маблағ диҳем, – илова кард мавсуф.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь