Шаҳри Ваҳдат аз пойтахти ҷумҳурӣ дар масофаи 25 километр дур ҷойгир буда, ҳамарӯза тариқи нақлиёти истифодаи умум аз ин шаҳр ба Душанбе нафарони зиёде равуо мекунанд. Таваққуфгоҳе, ки бояд нақлиёт дар он сокинони шаҳри Ваҳдатро ба Душанбе интиқол диҳад, дар назди бозори “Боло” ҷойгир мебошад. Имрӯз ҳолати тавақуфгоҳ дар вазъияти ғайристандартӣ қарор дошта, ин амал нигаронии сокинони шаҳри Ваҳдатро ба миён овардааст. Роҳи ин макон хеле танг буда, миқдори бешумори нақлиёти мизоҷони бозор ва мусофиркашонҳои истифодаи умум рафтуомадро мушкил кардаанд. Дар баробари ин, дар ҳар ҷойи канори роҳ, ғарами партов бетартибона хоб аст.
Сокини ин шаҳр Муниса Мансурзода дар сӯҳбат бо вебгоҳи хабарии Farazh.tj. вобаста ба ҳолати ҷойдоштаи роҳи назди бозори “Боло” гуфт, ки ин вазъият нав набуда, чанд муддат боз мусофирон дар ҳамин ҳолат то ба шаҳри Душанбе мерасанд.
– Аз соле худро мешиносам, аҳвол чунин аст. Ҳамчун сокини ин шаҳр мехоҳам ин макон тозаву равуои нақлиёт ба танзим дароварда шавад, – мегӯяд Муниса Мансурзода. – Мутаассифона ин макон ҳамон вақте тоза мешавад, ки ягон раис ё шахси масъули кашонидани партовҳо нав шавад. Мусаллам аст, ки ин кор барои худнамоии муваққатист. Яъне, худро барои чанд рӯзе хуб нишон медиҳанду вазъият мисли қаблӣ мешавад.
Сокини дигари ин шаҳр Акрамзода Рустам донишҷӯ ҳасту ҳар субҳ тавассути ин масир ба шаҳри Душанбе меояд. Ӯ мегӯяд, ки роҳи бетанзими ин макон ба ҳамарӯза то ба шаҳри Душанбе омада расидани ӯ монеа эҷод мекунад.
– Роҳҳои ноҳамвору пасту баланди назди бозор низ мушкилоти ҳалталаби ин маконанд. Мехоҳам, ҳолати таваққуфгоҳи бенизоми ин ҷой зудтар ба танзим дароварда шавад. Чун мисли ман сокинони зиёде ҳастанд, ки ҳар субҳ ин ҳолат ба рафтуомади онҳо халал мерасонад, – таъкид намуд Акрамзода Рустам.