26-уми сентябрь сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва ва муовини раиси девони вазирони Қирғизистон, раиси КДАМ Камчибек Ташиев протокодли нишасти муштараки ҳайатҳои давлатӣ дар мавриди делимитатчия ва демаркатсия марзи давлатии Ӯзбекистону Қирғизистонро имзо карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон, ин санад имкон медиҳад, ки расмиёти мувофиқа кардани тарҳи созишномаи нав дар бораи қитъаҳои алоҳидаи марзи давлатии Қирғизистону Узбекистон оғоз шавад.
«Мо рисолати таърихӣ дорем, ки масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Ӯзбекистонро ба анҷом расонем. Ин аз як тараф шарафи бузург бошад, аз тарафи дигар масъулияти бузург аст. Умедворам, ки дар асоси натоиҷи ҷаласаи муштараки имрӯза мо барои дар ояндаи наздик аз ҷониби президентҳои мӯҳтарам имзо кардани лоиҳаи Созишномаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи сарҳади давлатии Қирғизистону Ӯзбекистон дар қитъаҳои боқимонда омода хоҳем шуд», – гуфт Қамчибек Ташиев зимни ҷаласаи муштарак.
Дар навбати худ, сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов азми комили ҷониби Узбекистон барои мувофиқа кардани лоиҳаи шартнома дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Ӯзбекистонро тасдиқ кард.