Раиси Кумитаи Идораи замини вилояти Хатлон Ҳурматзода Фатҳуллоро аз мансаб барканор карда, ба ҷойи ӯ Пирзода Диловарро таъйин карданд.

Як манбаъ аз Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ба “Фараж”иттилоъ дод, ки чанде пеш роҳбари Кумитаи Идораи замини вилояти Хатлон Ҳурматзода Фатҳуллоро  аз  вазифа сабукдӯш  карда, ба ҷойи ӯ Пирзода Диловар, ки то таъйин шудан ба мансаби раиси Кумитаи замини вилоят роҳбарии Идораи замини минтақаи Кулоби вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт, таъйин гардидааст.

Бояд гуфт, ки Ҳурматзода Фатҳулло солҳои пеш раисии ҳамин Кумитаро бар ӯҳда дошт, баъдан раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъйин гардида, баъди чанд соли раисиаш дубора роҳбари Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон таъйин гардида буд. Айни замон Ҳурматзода Фатҳулло ба кадом вазифа таъйин шудааст, ё на, маълумоте нест.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь