Қурби пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбат ба доллари ИМА тайи соли охир 11,9 фоиз поин рафтааст.
Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи 1-уми январи соли 2017 қурби сомонӣ нисбати долларро 7,8762 сомонӣ барои 1 доллари ИМА арзёбӣ намуда буд. Ба ҳолати 31-уми декабри соли 2017 қурби доллар аллакай 8,8190 сомониро ташкил медод.
Қурби сомонӣ нисбати евро дар соли 2017 ба андозаи 27,3 фоиз – аз 8,3070 сомонӣ ба санаи 1-уми январ то ба 10,5766 сомонӣ барои 1 евро ба санаи 31-уми декабри соли 2017 поин рафтааст.
Нисбати рубли русӣ пули миллии Тоҷикистон тӯли як сол ба андозаи 20,8 фоиз беқурб шуда, аз 0,1261 сомонӣ барои 1 рубл дар аввали сол то ба 0,1524 сомонӣ ба санаи 31-уми декабри соли 2017 коҳиш ёфтааст.
Блоки рекламавӣ