Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия қуръакашии даври финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол, ки тобистони соли оянда дар майдонҳои сабзи ин кишвар мегузарад, баргузор гардид.
Президенти Русия Владимир Путин бо паёми шодбошӣ сухан кард. Баъд президенти Федератсияи байналхалқии футбол (FIFA) Ҷаннӣ Инфанино баромад карда гуфт, ки футбол одамонро муттаҳид мекунад. Вай аз Путин барои истиқболи гарми кишвараш сипос гуфт.
Футболбозони дар гузашта маъруф Симонян, Бэнкс, Марадона, Каннаваро, Пуйол, Блан, Форлан ва Кафу ба саҳна омаданд ва дар қуръакашӣ ширкат карданд.
Дастаҳо мувофиқи рейтингашон дар FIFA ба чор сабад ҷудо шуда буданд. Ҳамин тавр, баъди қуръакашӣ гурӯҳи марг маълум нагардид, аммо нисбатан гурӯҳе, ки дар он ҳангомаро интизор шудан мумкин аст, ба ақидаи аксарият, ин гурӯҳи В буд. Дар ин гурӯҳ Португалия, Испания, Мароккаш ва Эрон бозӣ мекунанд. Дастаи Русия низ ҳарифони нисбатан ҳамвазни худро пайдо кард, ки инҳо Уругвай, Арабистони Саудӣ, Миср ҳастанд. Бозии аввалин бо ширкати дастаҳои Русия ва Аарабистони Саудӣ 14-уми июн дар Маскав баргузор мешавад.
Гурӯҳи А: Русия, Арабистони Саудӣ, Миср Уругвай
Гурӯҳи В: Португалия, Испания, Мароккаш, Эрон
Гурӯҳи С: Фаронса, Австралия, Перу, Дания
Гурӯҳи D: Аргентина, Исландия, Хорватия, Нигерия
Гурӯҳи Е: Бразилия, Швейсария, Коста-Рика, Сербия
Гурӯҳи F: Олмон, Мексика, Шведсия, Кореяи Ҷанубӣ
Гурӯҳи G: Белгия, Панама, Тунис, Англия
Гурӯҳи H: Полша, Сенегал, Колумбия, Ҷопон