Ба гуфтаи директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, баъзе сомонаҳо фаъол нестанд. Барои мисол агар мақомоти маҳаллиро гирем, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, Шуғнон, Ваҳдат, Шаҳринав, Тоҷикобод ва Лахш фаъол нестанд.
«Ҳамчунин бояд гуфт, ки 72 сомонае, ки мо санҷиш гузаронидем, аниқ кардем, ки дар ягон сомонаи мақомоти давлатӣ эълони озмунҳо нашр карда намешавад. Барои бартараф кардани камбудиҳо мо дархостҳои Агентиро барои таъмини фаъолияти онҳо ба ин мақомот ирсол намудем».
Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017 «Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет» қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд.
Ҳадаф аз таҳия ва бо қарори Ҳукумати мамлакат қабул шудани Қоидаҳои ягона татбиқи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» мебошад.
Шаҳлои Садриддин