Ҳукумати ИМА таъсиси намояндагии дуҷонибаи Агентии Иёлоти Муттаҳидаро оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон эълон намуд, ки ин як қадами пеш дар муқоиса бо мақоми қаблии он ҳамчун филиали намояндагии минтақавии USAID дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Таъсиси намояндагии пурра амалкунандаи USAID дар Тоҷикистон нишонгари қадами навбатӣ дар таҳкими шарикии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 1993 то инҷониб USAID ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 миллион доллари ИМА кӯмак расонд, ки ин ба рушди иқтисоди Тоҷикистон, беҳтарсозии соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, таҷрибаҳои кишоварзии самараноктар ва идоракунии самараноктари захираҳои табиӣ, ба монанди об, саҳм гузошт. Маҳз дар ҳамин даврае, ки USAID ба намояндагии пурра табдил меёбад, мо мехостем аз ин имконият истифода карда, баъзе аз натиҷаҳои бузургеро, ки мо аллакай дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба даст овардем, қайд намоем.
Тавассути барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ташаббуси ҷаҳонии ИМА оид ба таъмини амнияти ғизоӣ, USAID ба деҳқонон дар баландбардории истеҳсоли зироатҳои даромаднок ва зерғизо кӯмак расонд ва дар баробари ин оилаҳоро дар бораи ғизогирии дуруст омӯзонд. USAID ба бештар аз 120 000 нафар деҳқонон дар таъмини дастрасии бехатари онҳо ба замин ва об бори аввал дар давоми даҳсолаҳо кӯмак расонд, ба деҳқонон аз хоҷагиҳои хурд дар афзоиши даромади онҳо ба 194 фоиз мусоидат намуд ва дар натиҷа бештар аз 3 миллион доллари ИМА аз фуруши маҳсулот ба даст оварда шуд.
Дар давоми панҷ соли охир 105 000 нафар занони ҳомила ва тифлони навзоди онҳо аз хизматрасониҳои тиббӣ барои модару кӯдак нафъ гирифтанд, ки ин хизматрасониҳо бо кӯмаки USAID ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беҳтар карда шуданд. Ин ба пастшавии сатҳи камғизоӣ дар байни кӯдакони синни то панҷсола аз 25 то ба 18 фоиз ва пастшавии сатҳи камғизоии шаддид аз 11 то ба 6 фоиз дар ноҳияҳои зерҳадафи USAID мусоидат намуд. Бо шарофати дастгирии USAID инчунин сатҳи фавти кӯдакон аз 34 то ба 27 ҳар 1000 зиндатаваллуд поён рафт.
USAID дар шарикӣ бо Вазорати тандурустӣ ва илм дастрасии маводи хониши барои синну сол мувофиқро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ зиёд намуд. USAID беш аз 809 790 дона китобро ба қариб 80 фоизи мактабҳо пешниҳод намуд ва беш аз 37 880 нафар омӯзгорон ва шахсони мансабдорро омӯзонд, ки ин сифати таълими хониш ва малакаи хонишро дар саросари кишвар беҳтар сохт. Дар соли 2014 танҳо 14 фоизи хонандагони синфҳои дуюм, ки бо барномаҳои аз ҷониби USAID маблағгузоришаванда фаро гирифта шуда буданд, ба стандартҳои минималии малакаи хониш ноил гаштанд. Соли 2019 ин нишондиҳанда то ба 41 фоиз (болоравӣ ба 27 нуқта) боло рафт. Дар соли 2020 USAID инчунин 600 дона китобҳоро бо ҳуруфоти Брайл ба мактабҳо ва синфҳои махсус дар саросари кишвар тақсим намуд.
USAID дар ҳифзи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон тавассути баландбардории маълумотнокӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон ва савдои одамон дар байни ду миллион одамон ва пешниҳоди маълумот оид ба муҳоҷирати бехатар тавассути барномаҳои радиоӣ ва наворҳои видеоии маърифатӣ дар шабакаҳои YouTube ва Facebook кӯмак намуд. Дар натиҷа фаҳмиш ва риояи қоидаҳо ва қонунҳои муҳоҷират дар кишварҳои таъинот аз тарафи муҳоҷирон беҳтар гардид, ки ин осебпазирии онҳоро ба савдои одамон паст мекунад. USAID ба 61 885 шаҳрванди Тоҷикистон машваратҳои ҳуқуқӣ ва равониро тавассути хизматрасониҳои телефони боварӣ пешниҳод намуд ва ба 400 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ки воридшавии онҳо ба Русия манъ карда шудааст, дастгирии иҷтимоӣ, таълимӣ ва молиявиро пешниҳод намуд, ки ба ҳамгироии дубораи онҳо дар ҷомеаи ватании онҳо мусоидат намуд.
USAID ва Марказ оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо дар ҳаҷми бештар аз 5 миллион доллари ИМА кӯмакро барои мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Дар доираи кӯмаки мазкур низомҳо ва фаъолияти озмоишгоҳҳо беҳтар карда шуд, ба тесткунӣ барои COVID-19 мусоидат карда шуд, омӯзишҳо барои кормандони соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ташкил карда шуданд, кӯмаки техникӣ барои санҷиш (скрининг) дар нуқтаҳои воридшавӣ пешниҳод карда шуд, маълумотнокии аҳолӣ тавассути чорабиниҳои ҷамоавӣ баланд бардошта шуд, назорати эпидемиологии беморӣ ва протоколҳои клиникӣ татбиқ карда шуданд, имкониятҳои шуғл барои коргарони кӯчида фароҳам оварда шуданд, дастгирии озуқаворӣ ба гурӯҳҳои аз ҳама осебпазир пешниҳод карда шуд ва ғайра. Дастгирии мазкур дар асоси кӯмаки умумии ИМА дар ҳаҷми бештар аз 1 миллиард доллари ИМА мебошад, ки дар давоми 20 соли охир пешниҳод карда шудааст, ки аз ин қариб 125 миллион доллари ИМА ба соҳаи тандурустӣ равона карда шудааст.
Мақоми USAID ҳамчун намояндагии пурра амалкунанда дар Тоҷикистон ба ҳукумати ИМА имкон медиҳад, ки солҳои оянда натиҷаҳои аз ин ҳам бузургтарро ба даст орад. USAID дастгирии афзалиятҳои рушди Тоҷикистонро идома дода, барои солимӣ, саводнок ва бо кор таъмин будани аҳолии он мусоидат хоҳад кард.