Суди олии Тоҷикистон ҳукми 18 соли зиндони сокини ноҳияи Панҷ Моҳпора Ҳимматоваро барои куштори 2 нафар аз наздикони шавҳар ва заҳролудсозии беш аз 30 кас аз хешу табори ӯро бетағйир гузошт.

Тавре аз Суди олии кишвар 22-юми январ ба farazh.tj хабар доданд, шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукми суди вилояти Хатлон, ки рӯзи 9-уми ноябри соли гузашта содир гардида буд ва дар асоси он сокини ноҳияи Панҷ, деҳаи Турдишайхи ҷамоати Озодагон Моҳпора Химматова дар куштори пайвандони шавҳар бо роҳи заҳролудсозӣ айбдор дониста шуд, рӯзи 9-уми январ баррасӣ гардидд.

Бинобар иттиллои манбаъ, дар рафти мурофиаи судӣ гуноҳи маҳкумшуда дар содир кардани ҷинояти куштор бо роҳи заҳролудсозӣ исбот гардид ва ҳукми суди вилояти Хатлон бетағйир гузошта шуд.

Адвокати маҳкумшуда Шералӣ Қарахонов дар суҳбати телефонӣ бетағйир боқӣ мондани ҳукми зерҳимояашро тасдиқ карда, гуфт, ки дигар ба зинаҳои болоии судӣ шикоят нахоҳанд бурд.

Ёдовар мешавем, ки Суди вилоятии Хатлон рӯзи 9-уми ноябри соли 2017 ҳукми зани 37-солаи ноҳияи Панҷ Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевнаро содир кард, ки дар марги ду нафар аз наздикони шавҳар ва заҳролудсозии беш аз 30 каси дигар айбдор дониста мешуд.

Шамсулло Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь