Бар асари таркиш дар кони ангишт дар Амасра (Туркия) 28 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press хабар медиҳад.

Ҳангоми таркиши рӯзи ҷумъа 110 нафар дар зери замин буданд. Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии Туркия, гуфт, 58 нафар зинда ба рӯи замин бароварда шудаанд. Амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад. Қаблан расонаҳо дар бораи 25 қурбонии таркиш хабар дода буданд.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом кард, ки сафари барномарезишуда ба шаҳри Диёрбакирро лағв мекунад ва ба Аммасра меравад.

Дар робита ба ин ҳодиса президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия Рачаб Тайиб Эрдуған барқияи изҳори тасаллӣ ирсол карда, ба пайвандону наздикони қурбониёни ин фоҷеа ҳамдардиву таслият гуфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь