Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу гуфт, ки ИМА дар музокироти Сурия ба шартҳои Туркия розӣ шуд, ки дар натиҷа «Неруҳои мардумии худмудофиа»-и Курд (YPG) бояд дигар силоҳи вазнин ба даст наоранд.

Вай ин гуна изҳоротро пас аз гуфтушунидҳо дар Анқара бо иштироки президенти Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғон, ноиби президенти ИМА Майкл Пенс ва котиби давлатии ИМА Майкл Помпео изҳор кард, хабар медиҳад Интерфакс. Шарти дигари Туркия дар вазъи шимоли Сурия ин “хароб кардани истеҳком”-и курдҳо дар минтақа аст, менависанд расонаҳои туркӣ дар истинод ба гуфтаи Чавушоғлу.

“Минтақаи амн (дар шимоли Сурия.-эзоҳ.ред) аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Туркия таҳти назорат гирифта мешавад”, – гуфтааст вазири корҳои хориҷии Туркия.

Ғайр аз ин, вазир таъкид кардааст, ки Туркия танҳо амалиёти низомӣ дар шимоли Сурияро бозмедорад ва онро тамоман қатъ намекунад. “Ин сулҳ нест”, – гуфтааст Чавушоғлу.

Вазир шарҳ додааст, ки дар бораи қатъи ниҳоии амалиёти «Чашмаи сулҳ» танҳо вақте гуфтан мумкин аст, ки “ҳамаи террористон минтақаи амнро тарк кунанд”. Анкара ҷангиёни гуруҳҳои курдро, ки дар шимоли Сурия ҷойгиранд, террорист мешуморад.

Ғайр аз он, Чавушоғлу изҳороти қаблии ноиби президент Пенсро дар бораи он, ки қисмҳои YPG бояд дар тӯли 120 соат аз наздикии нерӯҳои Туркия дур шаванд, такрор кард. Вазир афзудааст, ки ҷонибҳо инчунин ҳамкориҳоро дар мубориза бо гурӯҳи ДОИШ идома хоҳанд дод.

Рӯзи панҷшанбе, Пенс созишнома дар бораи хотима додан ба амалиёти ҷангӣ дар шимоли Сурияро ба ивази хуруҷи нерӯҳои курд аз сарҳади Сурия ва Туркия эълом кард. Ноиби президенти ИМА инчунин илова кард, ки Вашингтон ҳамеша бо “қувваҳои дифои Сурия” тамос мегирад ва онҳоро дар минтақаи амн, ки дар масофаи 30 км аз сарҳади Сурия ва Туркия ҷойгир аст, дастгирӣ мекунад.

Ба гуфтаи Пенс, таҳримоте, ки ИМА алайҳи Анкара бар асари амалиёт дар Сурия ҷорӣ кардааст, танҳо пас аз оташбаси пурраи минтақа лағв хоҳад шуд.

Вай қайд кард, ки созишномаҳои Иёлоти Муттаҳида ва Туркия ӯҳдадории Анқара дар мавриди роҳандозӣ накардани амалиётҳо бар зидди аҳолии шаҳри Кобаниро низ дар назар дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь