Дар соли 2020 оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell солгарди худро таҷлил мекунад: 20 сол боз Tcell ба тоҷикистониён технологияҳои муосирро пешниҳод карда, рушди бахши мухобироти кишварро суръат мебахшад.

Tcell аз ҳар як муштарӣ, ки Tcell -ро ҳамчун оператори телекоммуникатсионии худ интихоб менамояд, самимона қадрдонӣ мекунад. Ва ба сифати ҷашни солгарди худ, ширкат барои сокинони Тоҷикистон эътои тӯҳфаҳо ва ҷоизаҳои писандидаро ба нақша гирифтааст.

Иқдоми дигари ҷашнии Tcell: ҷуфтҳое, ки имсол тӯйи “чинӣ” – 20 солагии издивоҷашоро таҷлил мекунанд, аз ширкат рақамҳои нуқрагии ҷуфтро мегиранд! Барои ин дар яке аз марказҳои хизматрасонии муштариён шаҳодатномаи ақди никоҳро нишон додан зарур аст.

Tcell бо ифтихор дар саргаҳи суръатбахшии рушди технологии Ватан қарор дошта, ба оянда боэътимоди қавӣ менигарад. Бо шарофати ҳар як муштарӣ мо дар ҷодаи рушди технологӣ ва тақвияти ин бахш ҳастем!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь