Қарори президенти Амрико дар бораи коҳиши маблағгузорӣ ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз ҷониби роҳбарони сиёсии ҷаҳон ва ВАО мавриди интиқод қарор гирифт.

“Президент Трамп дар замоне, ки ҷаҳон дар бораи мубориза алайҳи пандемияи коронавирус фикр мекунад, зарбаи иловагӣ зад”, – гузориш медиҳад New York Times.

Нашрия қайд кардааст, ки роҳбарони ҷаҳон қарори Трампро маҳкум кардаанд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ҳушдор дод, ки СҶТ имрӯз дар авҷи буҳрон қарор дорад. Дар ин ҳолат вақти он нест, ки кӯмаки молиявӣ қатъ карда шавад.

– Фикр мекунам, ки айни замон дастгирии  СҶТ барои аз байн бурдани пандемия хеле муҳим аст, – гуфт ӯ.

ИМА донори бузургтарини СҶТ буда, ҳар сол ба буҷаи он беш аз 400 миллион доллар саҳм мегузорад.

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас низ, дар як номаи кушод аз Донналд Трамп интиқод кард.

Вазири корҳои хориҷии Чин аз ИМА даъват кард, ки уҳдадориҳои худро дар назди СҶТ иҷро кунад.

Президенти Иттифоқи Африқо Мусо Муҳаммад аксуламали худро бо як калима изҳор кард: “Афсӯс!”

Чанд рӯз пеш президенти ИМА Донналд Трамп эълон карда буд, ки Вашингтон пардохтҳоро ба буҷаи СҶТ мутаваққиф мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь