– Агар маълум шавад, ки ҳукумати Чин барқасд дар бораи коронавирус фактҳоро пинҳон кардааст, бояд дар ҷавоб ба оқибати нохуш рӯ ба рӯ шавад, – изҳор доштаааст президенти ИМА Доналд Трамп. Вашингтон ба он назар аст, ки маълумоти ҳукуматдорои чинӣ доир ба беморӣ, фавт аз COVID-19, ҷараёни паҳншави беморӣ ғайривоқеианд.
Трамп пештар низ ба эътимоднокии маълумоте, ки дар хусуси коронавирус ҳукуматдорони Чин нашр мекарданд, шубҳа дошт. Ба ақидаи ӯ, дар Чин нисбат ба ИМА ки феълан аз рӯйи гирифоршавӣ ва фавт пешсафтарин дониста мешавад, аслан аз COVID-19 одамон бештар фавтидаанд.
Fox News, шабакае, ки Трамп онро чандин бор таъриф кардааст, хабар дода буд, ки гӯё вирус дар яке аз озмоишгоҳҳои бактериявии шаҳри Уҳан пайдо шуда бошад. Зуҳури вирус дар натиҷаи кӯшиши гузаштани Пекин аз Вашингтон дар муҳандисии генӣ аз эҳтимол дур нест.
Тавре ин шабака меоварад, паҳншавии вирус тасодуфан рух додааст. Ҳама аз он сар шудааст, ки вақте як корманд сироят шудааст. Трамп гуфтааст, ки Қасри Сафед бо кадом роҳ ба вуҷуд омадани вирусро тадқиқ хоҳад кард.
Баъди чунин пешгӯйҳо роҳбари институти вирусологияи Уҳан Юан Чжимин гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир донише нест, ки вирусро бо роҳи сунъӣ бисозад.