Марҳилаи сеюми музокироти Афғонистон ва Узбекистон дар бораи канали Қуштеппа дар Тошканд баргузор мешавад, хабар медиҳад TOLOnews.
Намояндаи вижаи президенти Узбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Эргашев таъкид кард, ки Афғонистон ҳуқуқи истифодаи оби Амударёро дар асоси тақсими мувофиқашуда дорад. «Бояд таъкид кард, ки Афғонистон ва мардуми афғон ҳуқуқи аввалиндараҷаи истифодаи оби Амударёро доранд. Дар ин масъала ягон мушкилот ё ихтилоф вуҷуд надорад. Масъалаи асосӣ ин аст, ки аз Амударё чӣ миқдор об гирифта шавад», – гуфт ӯ.
Вай инчунин қайд кард, ки дар сохтмони канали Қуштеппа ҳайати вакилон аз ду тараф интихоб шудаанд. «То имрӯз ду вохӯрӣ баргузор гардид. Яке дар Кобул, дигаре дар Мазори Шариф. Мулоқоти сеюм ба наздикӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад», – гуфт ӯ.
Дар баробари ин, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки сохтмони канал «метавонад режим ва мувозинатро дар Осиёи Марказӣ ба куллӣ тағйир диҳад».
Нимаи моҳи октябри соли 2023 марҳилаи аввали сохтмони канали Қуштеппа дар Афғонистон анҷом ёфт. Кор 1,5 сол давом кард. Коршиноси байналмилалии захираҳои табиӣ ва иқтисод Риекс Бош гуфтааст, Қуштеппа 20 дарсади обро аз Амударё мегирад, ки ин боиси камбуди об дар баъзе минтақаҳои Узбекистон мешавад. Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки Русия ба сохтмони канали Қуштеппа дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир дорад.