Комиссияи ҳукуматии мубориза бар зидди коронавирус дар Ӯзбекистон эълон кард, ки автобусҳои мусофиркашон дар шаҳрҳо дубора ба кор шурӯъ кунанд ва мусофиронро аз як манзил ба манзили дигар расонанд.
Дар ин миён дафтари матбуоти ҳокимияти шаҳри Тошканд иттилоъ дод, ки сар аз 8 июн автобусҳои хатисайри шаҳрӣ дубора шурӯъ ба фаолият кардаанд. Бино ба иттилои ин манбаъ дар ҳамин ҳол 1067 автобус бо 131 хатсайр дар кӯчаҳои ин шаҳр ҳаракат мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ҳанӯз автобусҳои мусофиркашон наметавонанд берун аз шаҳри Тошканд ҳаракат ва мусофиркашонӣ кунанд, зеро ноҳияҳои Қибрай, Тошканд ва Зангиотаи вилояти Тошканд ба ҳудуди “сурх” шомиланд. Дар ин ноҳияҳо қоидаҳои сахти карантин боқӣ мондааст.
Ҳоло автобусҳои шаҳри Тошканд аз соати 6-и субҳ то 22-и шаб дар хатсайрҳои муқаррарии худ мусофир мекашонанд, аммо аз ронандагони қатъӣ талаб карда шудааст, ки дар ҳар як истгоҳи ниҳоӣ дохили автобусҳои худро уфунатзудоӣ кунанд. Ба ронандагон пушидани ниқоб ва дастпӯшаки махсус низ тавсия шудааст.
Ба мусофирони автобусҳо иҷоза дода намешавад, ки бидуни ниқоб вориди он шаванд ва ба манзил бирасанд. Дар дохили автобусҳо бояд фосилаи қаблан муқарраршуда -1,5-2 метр риоя гардад.
Дафтари матбуоти шаҳрдории Тошканд гуфт, ки фаъолияти метро ҳанӯз аз сар гирифта нашудааст. Бино ба хабари ин манбаъ Комиссияи ҳукуматии мубориза бо коронавирус шояд баъди ба охир расидани давраи ниҳоии карантин, ки 15 июн муқаррар шудааст, ба ҳаракати қаторҳои метро иҷоза диҳад.
Аз хабарҳои расида бармеояд, ки дар вилоятҳои ҳудуди “сабз”-и ин кишвар низ ҳаракати нақлиёти мусофиркашони шаҳрӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар айни ҳол Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон теъдоди сироятшудагони коронавирусро дар кишвари худ 4448 нафар арзёбӣ намудааст. Гуфта мешавад, 8 нафаре, ки ахиран дар ҷисми онҳо сирояти ин вирус ба қайд гирифта шудааст, бошандагони шаҳри Тошканд мебошанд.
Бино ба ин манбаъ 3357 нафар баъди барқарор кардани саломатии худ ба хонаҳои худ баргаштанд, 1073 нафар ҳанӯз мавриди муолиҷа қарор доранд. Вазъи саломатии 8 нафари беморон хеле хатарнок мебошад. То кунун бар асари сирояти бемории коронавирус 18 шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳалокат расидаанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд