Дирӯз дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дастаи “Истиқлол” (Тоҷикистон) бар “Дордой” (Қирғизистон) бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, «Барселона» (Испания) бошад дар нимфинали Лигаи чемпионҳои Аврупо ба дарвозаи «Ливерпул» (Англия) се голи беҷавоб зад.
Вохурии «истиқлол» бо «Дордой» шоми 1 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар дақиқаи 15-уми дидор Алишер Ҷалилов аз пеналтӣ ҳисобро кушод. Дар дақиқаҳои охири қисми якум Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи ҷаримавии 11-метра голи дуюми “Истиқлол”-ро ба самар расонд. Дар дақиқаи 49-ум егионери сербиягии “Истиқлол” Михайло Сакич ҳисобро 3:0 кард. Дар охири бозӣ Шаҳром Самиев голи чоруми дастаашро ба ҳадаф расонида, пирӯзии бузурги “Истиқлол”-ро дар ин дидор таъмин кард. Ягона голи “Дордой”-ро дар дақиқаи 50-ум Мирлан Мурзаев зад.
Ҳамин тавр, баъд аз ин муваффақият дастаи “Истиқлол” бо касби 7 хол садрнишини гурӯҳи “D” боқӣ монд.
«Барселона» дар Камп Ноу шогирдони Юрген Клопро қабул кард. Ду голи задаи Мессӣ ва як голи Суарес ғалабаи каталониҳоро дар бозии якуми нимфинал таъмин кард. Вохӯрии ҷавобӣ дар Энфилд 7-уми май дар назар аст.