Як намояндаи гурӯҳи Толибон дар Афғонистон аз як талоши кудетои дохилӣ дар байни ин гурӯҳ хабар дод. Қорӣ Абдуллоҳи Ҳилмандӣ дар сафҳаи твитерии худ нивишт, ки “душман” нақшае барои гирдиҳам овардани ҳамаи раҳбарони Толибон дар Кобул дошт ва “қарор буд он шаб кудетое анҷом шавад”.

Бархе аз таҳлилгарон дар Афғонистон мегӯянд, ин суханони ӯ ҳокӣ аз рақобати шадид ва талош барои қудрат байни гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф дар дохили Толибон аст.

Гуфта мешавад бахши аъзаме аз Кобул феълан таҳти контроли гурӯҳи Ҳаққонӣ аст, ки аз гурӯҳҳои бонуфуз дар миёни Толибон ва ақвоми паштун аст ва бо Покистон робитаи наздике дорад.

Халили Ҳаққонӣ, аз фармондеҳони ин гурӯҳ, тайи рӯзҳои гузашта ба таври фаъолона бо уламои динӣ ва раҳбарони қабоили паштун мулоқот дошта ва саъй кардааст, аз онҳо байъат бигирад.

Гурӯҳи дигар, ки аъзои он бештар аз қавми Дурронӣ буда ва пойгоҳи он Қандаҳор аст. Мулло Ҳайбатулло ва Абдулғанӣ Бародар ба ин гурӯҳ таъаллуқ доранд.

Гурӯҳи вобаста ба Ҳайбатулло ва Бародар дар Кобул қудрати низомии кофӣ дар баробари Ҳаққонӣ надорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, бархе аз намояндагони ин гурӯҳ хостори кӯч додани пойтахти “Иморати исломӣ” ба Қандаҳор шудаанд.

Бо гузашти як ҳафта аз вуруди Толибон ба Кобул, ин гурӯҳ то ба ҳол муваффақ ба ташкили давлати худ нашудааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарони афғонистонӣ, тарс аз эҳтимоли дасиса ва кудетои дохилӣ боис шуда, ки Ҳайбатуллоҳи Охундзода, раҳбари гурӯҳи Толибон, то ба ҳол вориди Афғонистон нашуда ва аз макони буду боши худ ҳам хабар намедиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь