Аз ҷониби Агентии “Тоҷикстандарт” ба миқдори 2343 кг воридоти гӯшти пастсифат мурғ ба кишвар пешгирӣ карда шуд. Дар ин бора агентии мазкур дар сомонааш иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, барои гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ ба маҳсулоти гӯшти мурғи бутуни истеҳсоли Туркия, ки миқдори умумиаш 21 108 кг ва аз рӯи санаи истеҳсол панҷ гурӯҳро ташкил медод, дархост ворид гардидааст. Он ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории дастгоҳи марказии Агентӣ пешниҳод шуда, муайян гардидааст, ки  намунаи гӯшти яке аз гурӯҳҳои пешниҳодгардида, ки 2343 кг-ро ташкил медод, аз рӯи нишондоди сифат ва бехатарӣ ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқ нест.

Ба ин миқдор гӯшти мурғи бутун сертификати мутобиқат дода нашуд ва маҳсулоти мазкур тибқи тартиби муқарраршуда ба сифати хӯроки ҳайвонот ба “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе равона гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь